Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осие-2025 Дастаи мунтахаби Наврасони Тоҷикистон (U-17) Таҳти роҳбарии Марко Раҷинӣ дар Анталияи туркия ҷамъомади дуҳафтаинаи омӯзишӣ-таълимӣ баргузор мекунад.
Дар ҷамъомади Туркия, ки аз 8 то 24 январ баргузор мешавад, дастаи мунтахаби наврасони мо панҷ бозии назоратӣ баргузор мекунад. Шарикони Спарринг баъдтар маълум хоҳанд шуд.
Едовар мешавем, ки Дастаи мунтахаби Наврасони Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осие-2025, ки аз 3 то 20 апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард. Дастаи мо рақибони худро дар гурӯҳ 23 январ, вақте ки қуръакашии мусобиқа баргузор мешавад, мешиносад.