Рӯзи 19 ноябр дар Душанбе бозии дуюми дӯстонаи Тими Миллии Тоҷикистон дар РӮЗҲОИ ФИФА баргузор мешавад.
Рақиби дастаи Мунтахаби Мо Дастаи Афғонистон хоҳад буд, ки рӯзи гузашта онро мутахассиси узбек Усмон Тошев роҳбарӣ мекард.
Мулоқот дар варзишгоҳи Марказии Душанбе баргузор мешавад ва соати 18:00 оғоз меебад.
Қаблан дар сатҳи дастаҳои Мунтахаби Миллии Тоҷикистону Афғонистон панҷ маротиба вохӯрда буданд. Дар чор бозӣ дастаи мунтахаби мо пирӯз шуд ва танҳо бозии охирини дӯстона дар соли 2019 бо ҳисоби мусовӣ (1:1) ба анҷом расид.
Ҳамаи мухлисонро ба варзишгоҳ даъват кунед. Мо якҷоя дастаи Мунтахаби Миллии Тоҷикистонро дастгирӣ мекунем!
🤝 Бозии дӯстона
📅 19 ноябр / сешанбе
⌚️ Оғози бозӣ соати 18: 00
🇹🇯 ТОҶИКИСТОН 🆚🇦🇫 Афғонистон
🏟 Душанбе, варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ