Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ширкати "Huawei" ҳамкории зичро идома медиҳанд.
Дар дафтари ФФТ имрӯз, 27 декабр мулоқоти Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон бо намояндагони ширкати "Huawei"баргузор шуд.
Дар рафти вохӯрӣ, ки дар фазои гарму дӯстона баргузор гардид, ҷонибҳо дурнамои ҳамкории минбаъдаро муфассал муҳокима намуданд.
Дар доираи барномаи шарикии Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ширкати "Huawei" баргузории чорабиниҳои муштарак ва ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоиро ба нақша гирифтаанд.